Ҳайати доварон аз Тоҷикистон таҳти роҳбарии довари 31-солаи ФИФА Гулмуроди Саъдулло бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Эрон ва Никарагуаро ҳакамӣ кард.
Ба ӯ ёварони довари ФИФА – Акмал Бӯриеви 36-сола ва Фарҳод Куралови 29-сола кӯмак карданд.
Ин дидор дар варзишгоҳи «Озодӣ»-и Теҳрон баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба суди мизбонон анҷом ёфт. Дар ин вохӯрӣ Гулмуроди Саъдулло чаҳор корти зард нишон дод: як бор ба мизбон ва се маротибаи дигар ба меҳмонон.