Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ҷамъомади таълимии худро дар Гулистон анҷом дода, барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов ба шаҳри Тошканд сафар кард.
Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Пайрав Воҳидов 15 нафар – 4 дарвозабон ва 11 бозигари майдонро бо худ ба Тошканд бурд.
Дастаи Тоҷикистон бозии ифтитоҳии худро дар мусобиқаи Усмонов 19 июл муқобили тими миллии Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии «Юнусобод» баргузор шуда, соати 19:30 оғоз мешавад.
Дар Тошканд мунтахаби мо инчунин бо дастаҳои Гватемала (20 июл) ва Қирғизистон (22 июл) бозӣ мекунад.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Фирӯз Бозмамадов, Хушбахт Исоев, Нуриддин Ҷабборов;
Бозигарони майдон: Дилшод Саломов, Комрон Алиев, Умед Кузиев, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров, Самандар Ризомов, Баҳодур Хоҷаев, Фирӯз Сангов, Иқбол Воситзода, Абдуқаюм Умаров, Насратшо Исмоилов;
Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.