Дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе мусобиқаи футбол таҳти унвони «Таътили зимистона-2023» ба анҷом расид.
Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила гузаронда шуд. Чордаҳ даста дар ду синну сол барои медалҳо мубориза бурданд.
Миёни футболбозони соли таваллудашон 2010 ҷойи якум насиби дастаи «Солор» (мураббӣ Насим Набиев) гардид. Медалҳои нуқра ба дастпарварони «Истиқлол» (мураббӣ Ҷаҳонгир Ҷабборов) супурда шуданд. Зинаи сеюмро дастаи «Поиск» (мураббӣ Зайниддин Раҳимов) ба даст овард.
Миёни футболбозони соли таваллудашон 2011 дастаи «Поиск» (мураббӣ Зайниддин Раҳимов) ғолиб шуд. Ҷойи дуюм насиби дастаи «Солор» (мураббӣ Азамат Шодиев) гардид. Ва бачаҳои тими «Ҷавонон» (мураббӣ Парвиз Сайфуллоев) барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибону ҷоизадорон бо медалу ҷом ва туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида шуданд. Медалҳоро ба ғолибон котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Аҳмедҷонов, директори генералии Лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар Увайдо Давлатбеков, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ, мураббии шоистаи ИҶШС Шариф Назаров ва сармураббии дастаи «Файзканд» Масъуд Алӣ Назарзода тақдим карданд.
Дар ҳайати дастаҳо ба беҳтарин бозигарон низ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.