Ба таваҷҷуҳи мухлисони футбол, ки мехоҳанд дар Душанбе дар бозиҳои тими миллии Тоҷикистон ширкат кунанд.
Чиптаҳои бозиҳои мунтахаби моро бо дастаҳои Беларус (20 март) ва Тимори Шарқӣ (25 март) аз хазинаҳои Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе дастрас кардан мумкин аст. Чиптаҳоро инчунин аз платформаҳои echipta.tj ва ticketon.tj харидан мумкин. Нархи чипта 20 сомониро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки тими миллии Тоҷикистон рӯзи 20-уми март бо мунтахаби Беларус вохӯрии дӯстона ва 25-уми март бо яккачини Тимори Шарқӣ бозии даври муқаддамотии Ҷоми Осиё-2027-ро анҷом медиҳад. Ҳарду рақобатҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз мешаванд.