Бозии Париматч – Суперҷоми Тоҷикистон-2021 рӯзи 3-юми апрел дар Ҳисор баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии Париматч – Суперҷоми Тоҷикистон-2021 рӯзи 3-юми апрел дар Ҳисор баргузор мешавад

Бозӣ барои Париматч – Суперҷоми Тоҷикистон-2021, ки дар он қаҳрамони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб вомехӯранд, рӯзи 3-юми апрел дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

Бозӣ, соати 16:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад ва тамошои он барои мухлисон дар варзишгоҳ роёгон аст.

Бозии мазкур аз рӯи ҳисоб дувоздаҳум бозӣ барои дарёфти Ҷоми миллии кишвар ҳисоб меёбад. Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб баргузор мешавад. Ҷоми мазкурро аз ҳама бештар “Истиқлол”-и Душанбе – 9 маротиба болои сар бардоштаст. Дастаи пойтахти кишвар солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва 2020 онро соҳиб шудаст. Соли 2013 Суперҷоми Тоҷикистон насиби “Равшан”-и Кӯлоб гашт. “Равшан” дар он бозӣ дар майдони худ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб карда буд. Соли 2017 бошад, “Ҳосилот”-и Фархор дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳамин ҳисоб бар “Истиқлол”-и Душанбе пирӯз гашт.

 

Париматч – Суперҷоми Тоҷикистон-2021

3 апрел (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

«Истиқлол» – «Равшан»

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

Натиҷаҳои ҳама бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2020):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Пеналти – 4:3

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0

2020 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1

2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – ?

Назари худро бинависед