Дар чаҳорчӯби Ёддошти ҳамкорӣ миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи футболи Русия ҳайати доварон аз Русия бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Непалро дар Душанбе доварӣ мекунад.
Довари марказии вохӯрӣ довари 38-солаи ФИФА Евгений Кукуляк аз Русия таъйин шуд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА – Егор Болховитин ва Дмитрий Сафян кумак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов аз Тоҷикистон иҷро мекунад.
Қобили зикр аст, ки бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Непал рӯзи 13 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мешавад.