Вохӯрии кории роҳбарияти ФФТ бо комиссарони бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

Вохӯрии кории роҳбарияти ФФТ бо комиссарони бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон

Дар арафаи оғози қисми дуюми мавсими футбол роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кишвар бо комиссарони бозиҳое, ки дар мусобиқаҳои лигаҳои олӣ ва якум фаъолият мекунанд, вохӯрии корӣ баргузор намуданд.

Дар ҷаласа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев иштирок карданд. Зимни вохӯрӣ аз қисми аввали мавсим натиҷагирӣ гардида, камбудиҳои ба қайдгирифта, мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Ҳамчунин вазифаҳои афзалиятнок барои қисми боқимондаи чемпионат муайян карда шуданд.

Илова бар ин, озмуни «Беҳтарин мухлиси Тоҷикистон-2026»-ро баррасӣ шуд, ки натиҷаи он дар охири сол ҷамъбаст хоҳад шуд. Зикр гардид, ки ҳадафи озмун рушди фарҳанги мухлисӣ ва зиёд намудани шумораи тамошобинони бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон мебошад.

Дар анҷом ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мубрами ташкили мусобиқаҳо табодули назар намуда, роҳҳои такмили фаъолияти комиссарони бозиҳо ва вазифаҳои онҳоро барои қисми дуюми мавсим муҳокима карданд.

 

Назари худро бинависед