Рустам Абдуллоев роҳбари департаменти доварону нозирони ФФТ таъин шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Рустам Абдуллоев роҳбари департаменти доварону нозирони ФФТ таъин шуд

Мутахассиси 47-сола Рустам Абдуллоев сардори нави раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ, дар ин вазифа Абдураҳим Бобоевро иваз намуд. Бобоев дар сохтори ФФТ ба кори дигар гузаштанд.

Қаблан, Рустам Абдуллоев дар вазифаи муовини директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон кор мекард. Номбурда, инчунин ба ҳайси муовини раиси Кумитаи доварони ФФТ низ фаъолият намудаст.

Абдуллоеви 47-сола дастурдиҳандаи фитнес барои доварони Конфедератсияи футболи Осиё мебошад. Вай дар чемпионати футзали Осиё-2018, чемпионати футзали занонаи Осиё-2018 ва чемпионати футболи Осиё дар соли 2019 ба ҳайси дастурдиҳандаи фитнесӣ кор кардааст.

 

Рустам АБДУЛЛОЕВ, роҳбари департаменти доварону нозирони ФФТ:

– Ман мехоҳам ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои даъват ба вазифаи масъул изҳори сипосгузорӣ намоям. Боварӣ дорам, ки ба шарофати кори муштарак мо довариро дар Тоҷикистон ба сатҳи нав мебардорем.

Назари худро бинависед