Финали Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026 18 октябр дар Истаравшан баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Финали Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026 18 октябр дар Истаравшан баргузор мешавад

Бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026 18 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мешавад. Оғози вохӯрӣ соати 17:30 дар назар аст. 

Қаблан тибқи нақша бозии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи «Вахш»-и шаҳри Бохтар бояд доир мегашт, аммо бо сабаби омода набудани майдони футбол, бо қарори Бюрои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон макони баргузории вохӯрии ҳалкунанда тағйир дода шуд.

Дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2026 дастаи «Хуҷанд» бо ғолиби ҷуфти даври ниманиҳоӣ байни дастаҳои «Эсхата» – «Сардор» рақобат мекунад.

Ҳаҷми умумии ҷоизаҳои мусобиқаи Ҷоми миллӣ 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон 200 ҳазор сомонӣ ва иштирокчии бозии ниҳоӣ 100 ҳазор сомонӣ ба даст меорад.

Назари худро бинависед