Бо даъвати Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон ҳайати доварони Тоҷикистон бозии дӯстонаи тимҳои миллии Ӯзбекистон ва Русияро ҳакамӣ мекунанд.
Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло довари марказии ин вохӯрӣ таъйин шуд. Ба ӯ дар канори майдон ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Фарҳод Куралов кумак хоҳанд кард.
Бозии дӯстонаи тимҳои миллии Ӯзбекистон ва Русия 12 ноябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд доир мешавад.