Мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро муқобили Ӯзбекистон анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро муқобили Ӯзбекистон анҷом дод

Тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов аз ду бозии дӯстонаи ба нақша гирифташуда муқобили мунтахаби Ӯзбекистон якумашро баргузор намуд.

Вохӯрӣ имрӯз, 8 ноябр дар шаҳри Тошканд доир шуда, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи мунтахаби Ӯзбекистон ба анҷом расид.

Бозии дуюми дӯстонаи мунтахабҳои футзали Ӯзбекистон ва Тоҷикистон 10 ноябр дар шаҳри Тошканд роҳандозӣ мегардад.

Назари худро бинависед