Ҷоми Осиё-2027 аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Осиё-2027 аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад

Имрӯз, 3 ноябр Конфедератсияи футболи Осиё дар бораи тағйир додани муҳлати баргузории Ҷоми Осиё-2027 қарор қабул кард. Тибқи тақвими нави тасдиқшуда, марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё аз 23 декабри соли 2027 то 21 январи соли 2028 баргузор мешавад.

Қаблан дар назар буд, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё аз 7 январ то 5 феврали соли 2027 доир гардад. Аммо КФО тасмим гирифт, ки муҳлати баргузории мусобиқаро тағйир диҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур нерӯ месанҷад.

Назари худро бинависед