Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии Рустам Хоҷаев дар мусобиқаи байналмилалии «Panda Cup International Youth Football Tournament Chengdu 2026» иштирок мекунад. Ин мусобиқа аз 11 то 17 ноябр дар шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад.
Дар ин мусобиқа мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон се бозӣ анҷом медиҳад. 11 ноябр дастаи мо бо ҳамсолони худ аз Кореяи Ҷанубӣ, 14 ноябр бо мизбони мусобиқа – мунтахаби Чин, ва 17 ноябр бо тими Ветнам рақобат мекунад.
Барои иштирок дар мусобиқа ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз 23 футболбоз иборат аст: 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар.