Мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Игор Ангеловский дар рӯзҳои ФИФА-и моҳҳои сентябр ва октябр бозии дӯстонаи дуюми худро баргузор мекунад.
28 сентябр яккачини Тоҷикистон бо тими миллии Фаластин, ки дар раддабандии ФИФА мақоми 95-умро ишғол мекунад, рӯ ба рӯ мешавад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Tongliang Long Stadium»-и шаҳри Чунтсин соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (17:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Қаблан дар сатҳи мунтахабҳои миллӣ дастаҳои Тоҷикистон ва Фаластин чор маротиба бо ҳам вохӯрдаанд. Ду бозии дӯстона, ки соли 2016 баргузор шуданд, бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтанд – 1:1 ва 3:3.
Соли 2018 дар мусобиқаи «Bangabandhu Gold Cup» дар Бангладеш мунтахабҳои ду кишвар боз ду маротиба бо ҳам рақобат карданд. Дар бозии аввал дар марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби Фаластин бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Вохӯрии дуюм дар финал бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт ва дар силсилаи зарбаҳои 11-метра футболбозони Фаластин бо ҳисоби 4:3 пирӯз гардиданд.