Пас аз анҷоми бозии дӯстона бо мунтахаби Озарбойҷон, тими миллии Тоҷикистон ба Чин сафар кард ва дар онҷо боз ду вохӯрии дӯстона анҷом медиҳад.
Имрӯз, 26 сентябр мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Чунтсин нахустин машқҳои худро баргузор кард. Машғулиятҳо беш аз як соат идома ёфтанд.
Ҳимоятгари бошгоҳи индонезии «Персиҷап Ҷепара» Раҳматшо Раҳматзода ба ҳайати даста ҳамроҳ шуд. Дар ҳамин ҳол, бозигари бошгоҳи «Ҳосилот»-и Фархор Фурқон Раҳимзода ба Душанбе баргашт ва омодагиашро дар ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) идома медиҳад. Ин даста моҳи ноябр дар чемпионати ҷаҳон-2026 дар Қатар иштирок хоҳад кард.
Рӯзи душанбе, 28 сентябр мунтахаби Тоҷикистон бо яккачини Фаластин рақобати дӯстона анҷом медиҳад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Tongliang Long Stadium» баргузор шуда, соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (17:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.