Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи октябр ду бозии дӯстона баргузор мекунад.
Рӯзҳои 3 ва 6 октябр мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Уммон рақобат мекунад. Ҳар ду вохӯрӣ дар шаҳри Масқат доир хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 миёни мунтахабҳои то 23-сола аз 7 то 15 июни соли оянда баргузор мешавад.