Дуюмин иштирокчии бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026 муайян гардид. Дар вохӯрии ҷавобии даври ниманиҳоӣ тими «Сардор»-и Турсунзода бар «Эсхата»-и Хуҷанд пирӯз шуда, ба финали мусобиқа баромад.
Ҳамин тавр, дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026 дастаҳои «Хуҷанд» ва «Сардор» барои ба даст овардани ҷоиза мубориза мебаранд.
Бозии ниҳоӣ 18 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мешавад.
Фонди ҷоизавии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа 200 ҳазор сомонӣ ва финалист 100 ҳазор сомонӣ ба даст меоранд.