Мунтахаби Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии мусобиқаи «King’s Cup 2026» бо яккачини Уммон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии мусобиқаи «King’s Cup 2026» бо яккачини Уммон бозӣ мекунад

14 ноябр дар варзишгоҳи шаҳри Сисакети Тайланд бозиҳои даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» баргузор мешаванд.

Дар вохӯрии аввал мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Уммон соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (14:00 ба вақти Душанбе) рӯ ба рӯ мешавад.

Дар сурати мусовӣ шудани натиҷа дар вақти асосии бозӣ, ғолиб дар силсилаи зарбаҳои 11-метра муайян мегардад.

Назари худро бинависед