Ранги либоси бозигарони мунтахаби Тоҷикистон барои рақобати нимниҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» муқобили тими миллии Уммон муайян гардид.
Дар арафаи оғози мусобиқа дар вилояти Сисакет бо иштироки намояндагони кумитаи тадорукоти маҳаллӣ ва ҳайатҳои дастаҳои иштирокчӣ ҷаласаи ташкилӣ баргузор шуд.
Дар бозии нимниҳоӣ футболбозони Тоҷикистон бо либоси сафед ва дарвозабон бо либоси хокистарранг ба майдон мебароянд. Ҳайати мунтахаби Уммон бошад, бо либоси сурх ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Тибқи низомномаи мусобиқа, ба ҳар як даста иҷозат дода мешавад, ки дар ҷараёни бозӣ то шаш ивазкуниро анҷом диҳад. Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани вақти асосии дидор ғолиб дар силсилаи зарбаҳои пеналти муайян карда мешавад.
Вохӯрии нимниҳоӣ миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Уммон 14 ноябр дар варзишгоҳи музофотии Сисакет баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 14:00 ба вақти Душанбе (16:00 ба вақти маҳаллӣ) дар назар аст.