Мунтахаби Тоҷикистон машқҳои пеш аз бозӣ бо дастаи Уммонро доир кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон машқҳои пеш аз бозӣ бо дастаи Уммонро доир кард

Тими миллии Тоҷикистон, ки рӯзи гузашта барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» ба шаҳри Сисакети Тайланд расид, имрӯз машқҳои пеш аз бозӣ бо мунтахаби Уммонро анҷом дод.

Машғулиятҳо дар яке аз майдонҳои шаҳри Сисакет баргузор шуда, як соат идома карданд.

Дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов ба тамринҳо тибқи барномаи инфиродӣ оғоз кард. Дигар футболбозони тими миллӣ дар гурӯҳи умумӣ тамрин карданд.

Вохӯрии миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Уммон 14 ноябр дар варзишгоҳи музофотии Сисакет баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 14:00 ба вақти Душанбе (16:00 ба вақти маҳаллӣ) дар назар аст.

Назари худро бинависед