Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи кумитаи маркетинг баргузор гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи кумитаи маркетинг баргузор гардид

Дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинги ФФТ баргузор гардид.

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати ноиби президенти ФФТ Искандар Ҷалилов баргузор шуд, масъалаҳои муҳими рушди маркетинги футбол мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, баргузории бозии байналмилалӣ дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Душанбе, рушди футболҳои электронӣ ва тарғиби он, ворид шудани мунтахаби Тоҷикистон ба симуляторҳои маъруфи онлайнӣ, таҳкими робита бо мухлисон, инчунин тарғибу муаррифии дастаҳои мунтахаби кишвар ва чорабиниҳои футболи Тоҷикистон дар фазои рақамӣ баррасӣ шуданд.

Аъзои Кумитаи маркетинги ФФТ ҳамчунин механизмҳои ҷалби шарикон ва сарпарастони нав, инчунин роҳҳои баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ бо шарикони амалкунандаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаи кумита муайян гардида, барои татбиқи онҳо чораҳои зарурӣ ба нақша гирифта шуданд.