Дар арафаи бозии дӯстона бо мунтахаби Фаластин, яккачини Тоҷикистон дар шаҳри Чунтсини Ҷумҳурии Мардумии Чин машқҳои хешро анҷом дод.
Ба рақобати дарпешистода ҳамаи 27 футболбозе, ки дар ихтиёри сармураббӣ Игор Ангеловски қарор доранд, омодагӣ мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстона миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Фаластин 27 сентябр дар варзишгоҳи «Tongliang Long Stadium»-и шаҳри Чунтсин баргузор шуда, соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (17:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.