Имрӯз, 28 сентябр тимм миллии Тоҷикистон дуюмин бозии дӯстонаи худро дар рӯзҳои ФИФА баргузор мекунад.
Ҳарифи дастаи мо мунтахаби Фаластин хоҳад буд, ки дар раддабандии ФИФА мақоми 95-умро ишғол мекунад.
Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Tongliang Long Stadium»-и шаҳри Чунцини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуда, соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (17:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Бозии дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистон ва Фаластин ба таври мустақим пахш карда намешавад.