Равзанаи гузаришии тобистона дар Тоҷикистон 1 август баста мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Равзанаи гузаришии тобистона дар Тоҷикистон 1 август баста мешавад

Давраи бақайдгирии тобистона, ки дар он бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон метавонанд гузариши футболбозонро анҷом диҳанд, то 1 август идома меёбад.

Дар равзанаи гузаришии тобистона дастаҳои лигаи олӣ ва лигаи аввал метавонанд ба дархостҳои худ бозигарони навро барои ширкат дар марҳилаи дуюми чемпионат ва Ҷоми Тоҷикистон-2022 ворид кунанд. Давраи бақайдгирӣ то соати 17:00-и 1 август давом мекунад. Пас аз ин бошгоҳҳои лигаи олӣ наметавонанд исми бозигаронро ба дархост ворид кунанд.

Ёдовар мешавем, ки нимаи дуюми мавсими соли 2022 бо бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки рӯзҳои 6-7 август баргузор мешаванд, оғоз мегардад.

Назари худро бинависед