“Равшан” “Истиқлол”-ро аз мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон-2020 берун сохт – Федерация Футбола Таджикистана

“Равшан” “Истиқлол”-ро аз мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон-2020 берун сохт

Рӯзи якшанбеи 13-уми сентябр, ду бозии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 баргузор шуд. Ҳангомаи асосии ин марҳила шикасти “Истиқлол”-и Душанбе аз “Равшан”-и Кӯлоб дар меҳмонӣ бо ҳисоби 2:4 мебошад. Бохт “Истиқлол”-ро аз ҳаққи ширкат дар нимфинал ва идомаи мубориза барои Ҷоми Тоҷикистон маҳрум кард.

Дар ин бозии ҳалкунанда, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бе ҳузури тамошогарон баргузор шуд ва хеле пуршиддат сурат гирифт дастаи “Равшан”, ки айни замон дар садри ҷадвали Лигаи якуми Тоҷикистон қарор дорад, ба қаҳрамони феълии Тоҷикистон – “Истиқлол” ғолиб омад.

Ҳисоби вохӯриро дар дақиаи 8-уми бозӣҳимоятгари “Равшан” Ҳасан Рустамов боз кард.  Ҳимоятгар Марко Милич, легионери сербиягии “Истиқлол”, дар дақиқаи 38-ум ҳисобро баробар кард – 1:1. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 60-ум, ҳамлагари 18-сола Рустам Соиров “Истиқлол”-ро ба пеш баровард -1:2. Ба Ҳасан Рустамов дар дақиқаи 90+2 муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд – 2:2.

Дар замони изофа голҳои ҳамлагарон Наврӯз Рустамов дар дақиқаи 93-юм ва Абдураҳмон Нозимов дар дақиқаи 113-ум ба “Равшан” пирӯзӣ овард – 4:2.

Қобили зикр аст, ки ҳимоятгари «Истиқлол» Аҳтам Назаров дар дақиқаи 17-ум тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонда натавонист.

Ҳамин тариқ, дастаи “Равшан” ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон роҳ пайдо кард. Ҳамакнун футболбозони Кӯлоб бо раҳбарии сармураббӣ Ғайраталӣ Мираҳмадов дар даври ниманиҳоӣ бо ғолиби ҷуфти чорякниҳоӣ «Локомотив-Помир» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бозӣ мекунад.

Вале «Истиқлол» бори аввал дар таърихи худ иштирокашро дар Ҷоми Тоҷикистон дар марҳилаи чорякниҳоӣ анҷом дод.

«Хатлон»-и Бохтар ба шарофати голи ягонаи Сорбон Авғонов дар меҳмонӣ бар «Эсхата»-и Хуҷанд пирӯз шуд (1:0). Дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон “Хатлон” таҳти раҳбарии сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев бо ғолиби ҷуфти чорякниҳоӣ «Истаравшан» (Истаравшан) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) бозӣ хоҳад кард.

Боз ду бозии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 рӯзи сешанбе, 15-уми сентябр, баргузор мешавад. «Локомотив-Помир» дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Регар-ТадАЗ» ва «Истаравшан» дар майдони худ бо «Кӯктош» рақобат мекунанд.

 

Ҷоми Тоҷикистон-2020

1/4 финал

«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» – 4:2

Голҳо: Ҳасан Рустамов, 8 (1:0). Марко Милич, 38 (1:1). Рустам Соиров, 60 (1:2). Ҳасан Рустамов, 90+2 (2:2). Наврӯз Рустамов, 92 (3:2). Абдураҳмон Нозимов, 113 (4:2).

Тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф нарасонд: Аҳтам Назаров («Истиқлол»), 17 – дарвозабон баргаронд.

«Равшан» (Кӯлоб): Рустам Ризоев, Ҳасан Рустамов, Далер Шомуродов, Сайидамири Сайидаҳмад (Умедҷон Бадалов, 83), Сафаралӣ Каримов, Абдураҳмон Нозимов, Амирҷон Фаррухзод (Сайидхони Амрохон, 81), Шодӣ Муродов (Зокир Абдулхайров, 74), Наврӯз Рустамов, Далер Чолов (Сиёвуш Назирмадов, 74), Музаффар Назаров.

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов, Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров, Марко Милич, Ваҳдат Ханонов, Рустам Соиров, Ромиш Ҷалилов (Хуршед-Темур Ҷӯраев, 94).

Огоҳӣ гирифтанд: Далер Чолов, Амирҷони Фаррухзод, Наврӯз Рустамов, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Сайидамири Сайидахмад, Зокир Абдулхайров («Равшан»), Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»).

Аз майдон хориҷ шуд: Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»), 71 – ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қоидаҳои бозӣ.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҳасан Рустамов («Равшан»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

13-уми сентябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

 

«Эсхата» – «Хатлон» – 0:1

Гол: Сорбон Авғонов, 32.

«Эсхата» (Хуҷанд): Муминҷон Гадойбоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Умедҷон Одинаев, Амирҷон Ҳомидов, Дилшод Каримов, Боҳирҷон Сангинбоев (Абдураҳмон Узоқов, 71), Анвархон Темурхонов (Икром Каримҷонов, 62), Иброҳим Эшонхонов (Амирҷон Раҳимов, 71), Фирдавс Икромбеков (Ҳумоюн Азимов, 62), Ҷӯрабой Исоев (Рустамҷон Сабуров, 56), Мубинҷон Муъминов.

«Хатлон» (Бохтар): Куайе Годсон, Ҳусейн Нурматов, Равшан Азизов, Саидшо Бозоров, Муҳаммадҷон Насков (Фирдавс Алиназаров, 90+5), Тони Бикатал (Сафиоллоҳи Назарзода, 28), Сорбон Авғонов, Умарҷон Шарипов, Кароматулло Саидов (Мфуапон Аласса, 78), Худойдод Узоқов (Суннатулло Исмоилов, 78), Парвиз Боқӣ-Охунов.

Огоҳӣ гирифтанд: Боҳирҷон Сангинбоев, Дилшод Каримов («Эсхата»), Саидшо Бозоров («Хатлон»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Сорбон Авғонов («Хатлон»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

13-уми сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак».

 

15-уми сентябр (сешанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15:30

«Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ»

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

 

«Истаравшан» – «Кӯктош»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед