Президенти ФФТ Рустами Эмомалиро ба зодрӯзашон муборакбод мекунем! – Федерация Футбола Таджикистана

Президенти ФФТ Рустами Эмомалиро ба зодрӯзашон муборакбод мекунем!

Имрӯз, 19 декабр Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 33-сола мешавад.

Мо аз номи ҷомеаи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалиро бо зодрӯзаш табрик мегӯем!

Саҳми шумо дар рушди футболи тоҷик аҳамияти калон дорад. Шумо ҳамчун президенти ФФТ барои  рушду пешрафти футбол дар Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом дода истодаед. Таваҷҷӯҳи шумо муҳтарам Президент ба рушду инкишофи футболи кӯдакону наврасон, футболи оммавӣ, футзал ва футболи бонувон, футболи бошгоҳӣ дар кишвар вусъати нав бахшида, дастгириятон сатҳи баромади дастаҳои мунтахаби Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ хубтар гардонидааст.

Ба Шумо саломатии бардавом, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ, иҷрои ҳама нақшаҳо ва дар рушду пешрафти футболи кишвар муваффақиятҳои навро таманно дорем!

Назари худро бинависед