Дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и шаҳри Душанбе бозии дуюми дӯстона байни дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.
Мисли бозии аввал, ин дафъа низ тими Русия пирӯзӣ ба даст овард. Футзалбозони рус бо ҳисоби 7:2 ғолиб омаданд.
Аз ҳайати тими Тоҷикистон Самандар Ризомов ва Муҳаммад Раҷабов муаллифи гол гардиданд.
Бозиҳои дӯстона бо яккачини Русия барои мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 оид ба футзал ба шумор меравад, ки соли оянда баргузор мешавад.