18 октбяр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 17:30 оғоз мегардад.
Дар рақобати ҳалкунанда дастаҳои «Сардор»-и Турсунзода ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд рақобат мекунанд.
Фонди ҷоизавии мусобиқа 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 200 ҳазор сомонӣ ва ба финалист 100 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2026 ҳуқуқи ширкат дар Лигаи даъвати КФО-2027/28-ро пайдо менамояд.