Оғози дубора: баъди 50 рӯзи истироҳат чемпионати Тоҷикистон аз нав шурӯъ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Оғози дубора: баъди 50 рӯзи истироҳат чемпионати Тоҷикистон аз нав шурӯъ шуд

Баъд аз танаффуси 50 рӯза, ки вобаста ба хуруҷи пандемияи коронавирус ба амал омад, рӯзи сешанбеи 16 июл, Лигаи олии Тоҷикистон аз сари нав шурӯъ шуд. Дар ин рӯз се бозии даври 5-уми мусобиқа доир гашт.

Чемпиони феълӣ ва ҳамзамон пешсафи ҷадвали мусобиқаи имсола – “Истиқлол”-и Душанбе дар сафар бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби бузурги 6 бар 1 дастболо шуд. Голҳои меҳмононро Эҳсони Панҷшанбе, шериддин Бобоев, Оятулло Сафаров, Алишер Ҷалилов, Воҳид Оразсаҳедов, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Рустам Соиров ба нишон расонданд. Голи ягонаи соҳибони майдонро Оятулло Сафаров зад.

Ҷоизадори медалҳои нуқраи мавсими соли гузаштаи Тоҷикистон – “Хуҷанд”-и Хуҷанд низ дар ин давр, дар сафар ба пирӯзӣ расид. Дастаи соҳили Сирдарё дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бар дастаи ҳамноми шаҳр бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуд. Голҳои дастаи ғолибро Амирҷон Сафаров ва Ойбек Абдуғаффоров аз ҷаримаи пеналти ба ҳадаф расонданд. Дар ин бозӣ голи соҳибони майдонро капитани даста Илҳом Баротов зад.

Бозӣ байни дастаҳои КМВА-и Душанбе ва “Файзканд”-и Восеъ бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Ба голи задаи Шодибек Ғаффоров меҳмонони восеъгӣ бо зарбаи амиқи Фахриддин Сафарзода ҷавоб доданд.

Имрӯз, 17 июн, ду бозии дигари даври панҷум баргузор мешаванд, ки дар онҳо “Кӯктош”-и Рӯдакӣ дар майдони худ “Локомотив-Помир” ва дастаи “Хатлон” дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар дастаи “Душанбе-83”-ро қабул мекунанд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол» – 1:6

ГолҳоЭҳсони Панҷшанбе, 28 (0:1). Шериддин Бобоев, 36 (0:2). Оятулло Сафаров, 60 (1:2). Алишер Ҷалилов, 61 (1:3). Воҳид Оразсаҳдов, 76 (1:4). Муҳаммадҷон Раҳимов, 78 (1:5). Рустам Соиров, 87 (1:6).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Беҳрӯз Хайриев, Доробҷон Эргашев, Ёқубҷон Ахмедов, Ҷамолиддин Заридиев (Азизбек Ҳаитов, 46), Оятулло Сафаров (Самандар Қудратзода, 79), Расул Пайзов, Акбар Шелдарӣ Ораш (Парвиз Бахтиёрзода, 46), Шерзод Маҳамадиев, Ҳоҷиакбар Узоқов (Иброҳим Зокиров, 73), Нозим Бобоҷонов, Диловаршо Ғаниев.

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Табрези Давлатмир (Амадонӣ Камолов, 81), Зоир Ҷӯрабоев, Алексей Ларин, Марко Милич, Искандар Ҷалилов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 63), Эҳсони Панҷшанбе, Виктор Свежов (Шарифбек Раҳматов, 81), Алишер Ҷалилов, Шериддин Бобоев (Воҳид Оразсаҳедов, 46), Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 63).

Огоҳонида шудандШерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ»), Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣЭҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).

СардоварАбдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири доваронУмед Раҳимов (Бохтар).

Комиссари бозӣҶовидон Ҳасанов (Душанбе).

16 июн. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена».

 

«Истаравшан» – «Хуҷанд» – 1:2

ГолҳоИлҳом Баротов, 10 (1:0). Амирҷон Сафаров, 62 (1:1). Ойбек Абдуғаффоров, 78 – аз пеналти (1:2).

«Истаравшан» (Истаравшан): Мусоҷон Бафоев, Азизҷон Шамсиев, Насим Расулов, Диловар Бойкузиев, Фаридун Деҳқонов, Қаҳрамон Ҳомидов (Набиҷон Раупов, 86), Джозеф Феумба, Мбеке Деудоне, Бахтиёр Абдураҳмонов, Бахтовар Зокиров (Абдуқаҳҳор Қодиров, 71), Илҳом Баротов.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Маъмур Икромов, Фирдавс Чақкалов, Ойбек Абдугаффоров, Хуршед Бекназаров, Манучехр Сафаров, Абдулмумин Забиров, Комрони Мирзонаҷот (Бахтиёр Чориев, 46), Санҷар Рихсибоев, Парвизҷон Алиев (Амирҷон Сафаров, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Бозоров (Алишер Баротов, 90+2).

Огоҳонида шудандАзизҷон Шамсиев, Илҳом Баротов, Бахтовар Зокиров, Диловар Бойкузиев («Истаравшан»), Комрони Мирзонаҷот, Бахтиёр Чориев, Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣАмирҷон Сафаров («Хуҷанд»).

СардоварСайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доваронДиловаршоҳ Орзуев (Ҳиссор).

Комиссари бозӣФаррухи Ҳусейнзода (Ҷалолиддини Балхӣ).

16 июн. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.

 

КМВА – «Файзканд» – 1:1

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 57 (1:0). Фахриддин Сафарзода, 72 (1:1).

КМВА (Душанбе): Иван Пономаренко, Алиҷон Кароматуллозода, Бахтиёр Қаландаров, Парвиз Кашкаров (Шамсиддин Қосимов, 46), Билол Сулаймонов (Шервони Мабатшоев, 56), Дмитрий Бондар, Артем Гайдаш, Фирӯз Бобиев (Дилшод Восиев, 66), Нодирбек Ибрагимов, Сӯҳроб Ҷалилов, Шодибек Ғаффоров.

«Файзканд» (Восеъ): Фатҳулло Бобоев, Фахриддин Сафарзода, Далерҷон Тӯхтасунов, Самандар Шарипов, Эраҷ Раҷабов, Маҳмадалӣ Содиқов, Сайёди Ковусшо (Ҳувайдои Гулмурод, 60), Хайрулло Азизов (Мӯҳсин Мадуллоев, 71), Ҷамшед Муродов, Вайсиддин Сафаров, Наврӯз Рустамов.

Огоҳонида шудандАлиджон Кароматуллозода (ЦСКА), Ҷамшед Муродов, Самандар Шарипов, Маҳмадалӣ Содиқов («Файзканд»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣАлиҷон Кароматуллозода (КМВА).

СардоварБеҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доваронЮсуф Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣБеҳрӯз Айниддинзода (Бохтар).

16 июн. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи ҶТ.

 

17 июн (чоршанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:00

«Хатлон» – «Душанбе-83»

СардоварХусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Нозири доваронДилшод Ализода (Душанбе).

Комиссари бозӣАбдулло Соқиев (Душанбе).

Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»

 

«Кӯктош» – «Локомотив-Помир»

СардоварНасим Ҳамидов (Душанбе).

Нозири доваронТурдибек Қӯшназаров (Гулистон).

Комиссари бозӣСубҳон Шодиев (Душанбе).

Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 5 4 1 0 23-4 13
2 «Хатлон» (Бохтар) 4 3 1 0 10-7 10
3 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5 3 1 1 10-7 10
4 «Файзканд» (Восеъ) 5 2 3 0 8-6 9
5 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 4 1 2 1 5-7 5
6 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 4 1 1 2 6-8 4
7 КМВА (Душанбе) 5 1 1 3 6-9 4
8 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 5 1 1 3 8-12 4
9 «Душанбе-83» (Душанбе) 4 1 1 2 2-9 4
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 5 0 0 5 4-13 0

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 7 голХудойдод Узоқов («Хатлон»), Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол») – 4 голӣАлишер Ҷалилов («Истиқлол»), Парвиз Боқиохунов («Хатлон»), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Шодибек Ғаффоров (КМВА) – 3 голӣ.

Назари худро бинависед