Мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон оғоз ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон оғоз ёфт

Ҳафтаи гузашта мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон оғоз ёфт.

Дар даври аввали мусобиқа аз шаш панҷ бозии нақшагузоришуда баргузор шуд. “Ҳосилот”-и Фархор дар майдони худ бар “Равшан”-и Зафаробод бо ҳисоби 2 бар 1 ва ”Барқчӣ”-и Ҳисор бар “Ваҳдат”-и Ваҳдат бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуданд. “Регар-ТадАз” дар сафар бо ҳисоби минималии 1 бар 0 “Саройкамар”-и Панҷро мағлуб кард. “Динамо”-и Душанбе дар сафар бар “Исфара”-и Исфара бо ҳисоби калони 3 бар 0 дастболо шуд. “Ҳулбук”-и Восеъ бошад бо ҳисоби 3 бар 2 “Моҳир”-и Ёвонро шикаст дод. Бозӣ байни дастаҳои “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба рӯзи захира гузаронида шуд.

 

Мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон. Даври 1-ум

«Ҳосилот» – «Равшан» (Зафаробод) – 2:1

ГолҳоХайрулло Азизов, 26 (1:0). Далер Чолов, 45 (2:0). Зиёвуддин Фузайлов, 66 – аз пеналти (2:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Далер Чолов («Ҳосилот»).

24 апрел. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 1700 тамошобин.

 

«Барқчӣ» – «Ваҳдат» – 2:0

Голҳо: Файзиддин Назаров, 61 (1:0). Сорбон Ғиёсов, 68 (2:0).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Файзиддин Назаров («Барқчӣ»).

24 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

 

«Саройкамар» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1

Гол: Шавкати Ҳотам, 27.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Шавкати Ҳотам («Регар-ТадАЗ»).

25 апрел. Панҷ. Варзишгоҳи марказӣ. 4000 тамошобин.

 

«Исфара» – «Динамо» – 0:3

Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 11 (0:1). Сунатулло Азизов, 42 (0:2). Парвиз Ҳусейнов, 85 – аз пеналти (0:3).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Сунатулло Азизов («Динамо»).

25 апрел. Исфара. Варзишгоҳи марказӣ. 400 тамошобин.

 

«Ҳулбук» – «Моҳир» – 3:2

Голҳо: Акмал Зулпалиев, 24 (0:1). Гурез Аслонов, 46 (1:1). Гурез Аслонов, 64 (2:1). Ҳоҷиакбар Холмуродов, 80 (2:2). Зоирхон Холматов, 90+5 (3:2).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Гурез Аслонов («Ҳулбук»).

25 апрел. Восеъ. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.

 

Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Динамо» (Душанбе) 1 1 0 0 3-0 3
2 «Барқчӣ» (Ҳисор) 1 1 0 0 2-0 3
3 «Ҳулбук» (Восеъ) 1 1 0 0 3-2 3
4 «Ҳосилот» (Фархор) 1 1 0 0 2-1 3
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 1 1 0 0 1-0 3
6 «Моҳир» (Ёвон) 1 0 0 1 2-3 0
7 «Равшан» (Зафаробод) 1 0 0 1 1-2 0
8 «Саройкамар» (Панҷ) 1 0 0 1 0-1 0
9 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 1 0 0 1 0-2 0
10 «Исфара» (Исфара) 1 0 0 1 0-3 0
11 «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) 0 0 0 0 0-0 0
12 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 0 0 0 0 0-0 0

 

Дар даври 2-юм вомехӯранд:

30 апрел (ҷумъа)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Динамо» – «Ҳулбук»

«Ваҳдат» – «Пахтакор»

«Ҳосилот» – «Барқчӣ»

1 май (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Равшан» – «Моҳир»

«Регар-ТадАЗ» – «Исфара»

«Панҷшер» – «Саройкамар»

Назари худро бинависед