Мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо дастаҳои Кореяи Шимолӣ, Малайзия ва Фаластин бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо дастаҳои Кореяи Шимолӣ, Малайзия ва Фаластин бозӣ мекунад

Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд.

Ҳарифони тими занонаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «Н» яккачинҳои Кореяи Шимолӣ, Малайзия ва Фаластин хоҳанд буд. Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи мо аз 29 июн то 5 июл дар Душанбе баргузор мешаванд.

Дар натиҷаи қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил карда шуд. Танҳо ғолибони гурӯҳҳои интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Австралия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Назари худро бинависед