Мунтахаби Тоҷикистон: рӯзи чоруми тамринҳо дар Тошканд пушти сар шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон: рӯзи чоруми тамринҳо дар Тошканд пушти сар шуд

Рӯзи чаҳоруми ҷамъомади тамринии тими миллии Тоҷикистон дар Тошканд ба поён расид. Дастаи мо бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки аз 11 то 20 июн дар Тошканд баргузор мешавад, фаъолона омодагӣ мебинад.

Дар ҷамъомади таълимиву тамринии шаҳри Тошканд ҳимоятгари тими «Нефтчӣ»-и Фарғона Зоир Ҷӯрабоев ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон пайваст. Сармураббии мунтахаби кишвар Петр Сегрт дар ихтиёри худ айни замон 19 бозигар дорад. Бозигарони боқимонда пас аз анҷоми бозиҳои бошгоҳҳои худ ба маҳалли ҷойгиршавии тими миллии Тоҷикистон меоянд.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои  Туркманистон (11 июн), Уммон (14 июн) ва Ӯзбекистон (17 июн) рақобат мекунад.

Назари худро бинависед