Мунтахаби Тоҷикистон бо либосҳои сафед муқобили тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон бо либосҳои сафед муқобили тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб бо либосҳои сафед бозӣ мекунад.

Имрӯз, 27 январ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Доҳа бо иштироки намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё, кумитаи тадорукоти Ҷоми Осиё-2023 ва намояндагони дастаҳои Тоҷикистону АМА ҷаласаи анъанавии ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис ранги либоси дастаҳо тасдиқ карда шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки мизбони номиналии вохӯрӣ аст, бо либосҳои сафед ба майдон мебарояд. Мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бо либоси сабзи тира рақобат хоҳад кард.

Назари худро бинависед