Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дӯстонаи якуми худро бо дастаи Чин анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дӯстонаи якуми худро бо дастаи Чин анҷом дод

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев бо ҳамсолони худ аз Чин бозии дӯстона баргузор кард.

Ин вохӯрӣ имрӯз, 6 июн дар шаҳри Зунйии Чин доир гардида, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Ягона голи вохӯрӣ дар дақиқаи 90+6 ба қайд гирифта шуд.

Бозии дуюми дӯстонаи дастаҳои олимпии Чин ва Тоҷикистон (U-23) рӯзи 9 июн дар шаҳри Гуйян баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни дастаҳои мунтахаби то 23-сола соли оянда баргузор хоҳад шуд.

Назари худро бинависед