Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз Сурия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Рӯзҳои 21 ва 24 феврал дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистону Сурия баргузор мешаванд. Рақобатҳо соати 16:00 оғоз мегарданд.
Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1-ум то 18-уми март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои миллии Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) вомехӯрад.
🤝 Бозиҳои дӯстона
📅 21 феврал (сешанбе)
🕰 Оғоз – соати 16:00
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-20) – 🇸🇾 Сурия (U-20)
🏟 Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
📅 24 феврал (ҷумъа)
🕰 Оғоз – соати 16:00
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-20) – 🇸🇾 Сурия (U-20)
🏟 Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ