Тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Ангеловский дар шаҳри Боку аввалин тамринҳои худро баргузор кард.
Ба ҳайати даста дарвозабонҳо Рустам Ятимов («Ростов», Русия), Олег Баклов («Туран», Озарбойҷон) ва ҳимоятгар Зоир Ҷӯрабоева («Суғдиёна», Ӯзбекистон) ҳамроҳ шуданд.
Бояд қайд кард, ки бозии дӯстона миёни мунтахабҳои Озарбойҷон ва Тоҷикистон рӯзи 23 сентябр дар шаҳри Боку доир мешавад. Оғози вохӯрӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) дар назар аст.