Маҷлиси навбатии шӯрои мураббиёни ФФТ барпо шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Маҷлиси навбатии шӯрои мураббиёни ФФТ барпо шуд

Имрӯз, 25 июл, дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи шӯрои мураббиён баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи сармураббиёни тимҳои миллии кишвар пешниҳод карда шуд.

Дар кори шӯрои мураббиён директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров ва директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар Увайдо Давлатбеков ширкат намуданд.

Дар ҷаласа ҳисоботи мураббиёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон шунида шуд. Аҳлиддин Турдиев (тими ҷавонони то 19-сола), Пайрав Воҳидов (мунтахаби футзал) ва Юсуф Рабиев (мунтахаби занона), ки тайи ду моҳи охир дастаҳояшон дар мусобиқоти байналмилалӣ бозиҳои дӯстона ва вохӯриҳои расмӣ доир карданд, ба шӯрои мураббиёни ФФТ гузориш доданд.

Ҳамчунин, сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон аз нақшаҳои худ барои моҳҳои оянда нақл карданд. Пас аз ҷаласаи шӯрои мураббиёни Федератсияи футболи Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.

Назари худро бинависед