Кумитаи назорати интизоми ФФТ қоидавайронкунҳоро ҷазо дод – Федерация Футбола Таджикистана

Кумитаи назорати интизоми ФФТ қоидавайронкунҳоро ҷазо дод

Кумитаи назорати интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати роҳбари Кумита Тоҳир Нурзода ҷамъ омад ва қонуншиканиҳои навбатиро дар бозиҳои мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ науда, ба қонуншиканҳо ҷазо таъин кард.

Аз ҷумла, ниммуҳофизи дастаи “Хуҷанд” Нозим Бобоҷонов барои халалдор намудани банди 19-и боби 7-уми Кодекси назорати интизоми ФФТ, ки истифодаи суханҳои қабеҳ ва таҳқиркунандаро нисбат ба шахсони расмии бозӣ ифода мекунад, аз ҳақи иштирок намудан дар 3 бозии навбатӣ барканор карда шуда, ба маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ ҷарима баста шуд.  Нозим Бобоҷонов дар бозии Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Файзканд”-и Восеъ, ки рӯзи 2-юми июн дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, аз ҳукми қабулкардаи сардовар изҳори норозигӣ намуда, ҳайати доварон ва дигар шахсони расмии вохӯриро бо суханҳои қабеҳ таҳқир кард.

Инчунин, бозингари дастаи “Файзканд” Абдухалил Боронов низ барои халалдор намудани банди 19-и боби 6-и Кодекси интизомии ФФТ аз ҳақи иштирок дар 2 бозии навбатӣ барканор карда шуда, ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Кумитаи интизомӣ тибқи ҳуҷҷатҳои зарурӣ қоидавайронкуниҳоро дар мусобиқа байни ҳайати ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ ва ҳамчунин мусобиқа байни дастаҳои Лигаи яуми Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор дода, ба қонуншиканҳо мутобиқи Кодекси интизоми ФФТ ҷазоҳои сазоворро таъин намуд.

Назари худро бинависед