Бо қарори Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон доварони бозии даври 16-уми Париматч-Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои лигаи олӣ «Истиқлол» ва «Ҳосилот» аз доварӣ маҳрум карда шуданд.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ дастаи «Ҳосилот»-и Фархор ба нишон додани корти сурх ба бозигари даста Осуман Кассим дар дақиқаи 24-ум, инчунин ба голи «Истиқлол», ки дар дақиқаи 88-ум ба самар расонида шуд, эътироз пешниҳод намуд.
Комиссияи мустақили экспертии доварон, ки ба ҳайати он мутахассисон аз Сингапур, Ӯзбекистон, Ҷопон ва Тоҷикистон шомиланд, навори лаҳзаҳои баҳснокро мавриди санҷиш қарор дод.
Дар натиҷаи баррасӣ коршиносон ба хулоса омаданд, ки довари марказӣ иштибоҳан бозигари «Ҳосилот»-ро барои маҳрум кардани рақиб аз имконияти ошкори задани гол аз майдон хориҷ кардааст. Ҳамчунин, аксари коршиносон эътироф намуданд, ки гол ба дарвозаи «Ҳосилот» аз ҳолати офсайд ба самар расонида шудааст.
Пас аз таҳлили хулосаи Комиссияи мустақили экспертии доварон, Кумитаи доварони ФФТ қарор қабул кард, ки довари марказии бозии «Истиқлол» – «Ҳосилот» Хуршед Дадобоев ва ёвари якуми ӯ Насимҷон Мансуровро ба муҳлати се давр аз ҳакамии ҳамаи мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон маҳрум намояд.
Ҳамчунин, нозири доварони ин бозӣ Умед Раҳимов барои ба доварон гузоштани баҳои баланд бо қарори Кумитаи доварони ФФТ ба муҳлати ду давр аз фаъолияти нозирӣ маҳрум карда шуд.
Кумитаи доварони ФФТ инчунин ба Кумитаи тартибӣ-интизомӣ дар бораи бекор кардани корти сурхи ба бозигари «Ҳосилот» Осуман Кассим нишон додашуда дархост пешниҳод намуд.