Клубҳои Тоҷикистон дар Ҷоми Лигаи Узбекистон-2020 иштирок мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Клубҳои Тоҷикистон дар Ҷоми Лигаи Узбекистон-2020 иштирок мекунанд

Чор дастаи футболи Тоҷикистон – «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Кӯктош» (Рӯдакӣ) ва «Истаравшан» (Истаравшан) дар Ҷоми кушоди Лигаи футболи Узбекистон ширкат меварзанд.

Бо даъвати Ассотсиатсияи футболи Узбекистон, имсол бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Ҷоми Лигаи Узбекистон иштирок мекунанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа чор даста – «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Кӯктош» (Рӯдакӣ) ва «Истаравшан» (Истаравшан) намояндагӣ хоҳанд кард. Аз Қирғизистон ҳам чор даста – «Дордой» (Бишкек), «Олой», «Қатаған» (ҳарду аз Ӯш) ва «Абдиш-Ота» (Қочқор-Ота) иштирок мекунанд.

Ҷоми Лигаи Ӯзбекистон- 2020 аз 6 марҳила иборат аст ва аз марҳилаи 1/32 ниҳоӣ 7-8 апрел оғоз меёбад. Бозиҳои 1/16 финалӣ 22-23 апрел баргузор мешаванд. Бозиҳои даври 1/8 финалӣ 29, 30 ва 31 май баргузор мешаванд. Бозиҳои чорякфиналӣ 5 август ва бозиҳои ниманиҳоӣ бошанд, санаи 12 август доир мегарданд.  Ва ниҳоят, бозии ниҳоии Ҷоми Лигаи Ӯзбекистон- 2020 рӯзи 26 август баргузор мешавад.

Мутобиқи Низомномаи мусобиқа чемпионҳои кишварҳои худ баромадашонро дар Ҷоми Лигаи Узбекистон аз марҳилаи 1/8 ниҳоӣ оғоз мебахшанд.

Назари худро бинависед