«Кӯктош» барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Кӯктош» барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд

Клуби футболи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ барои аввалин бор дар таърихи фаъолияти худ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд. Дар бозии ниҳоӣ шогирдони Раҳматулло Фузайлов дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлобро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб намуданд.

Бозии ҳалкунандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2020, рӯзи 1-уми март, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо иштироки 5200 тамошобин баргузор шуд. Зарбаҳои ҳадафраси Муҳсин Абдуғаффоров ва Муҳиддин Одилов ғалбаро насиби дастаи футболи ноҳияи Рӯдакӣ гардонданд.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм бошад дастаи “Душанбе-83” бар дастаи КМВА ВМ ҶТ бо ҳисоби 3 бар 2 зафар ёфт.

Дар маросими ҷоизасупории мусобиқа ба ғолибону ҷоизадорон медалҳои муносиб тақдим карда шуд. Ниммуҳофизи “Кӯктош” Муҳиддин Одилов беҳтарин бозингари вохӯрии финалӣ эътироф гардада, бо ҷоизаи махсуси Кумитаи тадорукотӣ сарфароз гардонида шуд. Ҷоми Федератсиро ба дастаи “Кӯктош” Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов тақдим намуд.

 

Ҷоми ФФТ-2020

Бозӣ барои ҷои сеюм

«Душанбе-83» – КМВА – 3:2

ГолҳоКомрони Мирзохон, 43 (0:1). Фарҳод Қосимов, 52 (1:1). Артем Гайдаш, 55 (1:2). Фарҳод Қосимов, 72 (2:2). Парфант Явис, 75 (3:2).

Огоҳонида шуданд: Дану Эдмон, Парфант Явис, Изатулло Рӯзиев, Комрони Мирзохон («Душанбе-83»), Фирӯз Бобиев, Алиҷон Кароматуллозода, Комрони Мирзохон (КМВА).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Фарҳод Қосимов («Душанбе-83»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

1 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1000 тамошобин.

 

Бозии ниҳоӣ

«Равшан» – «Кӯктош» – 1:2

ГолҳоМӯҳсин Абдуғаффоров, 32 – аз пеналти (0:1). Далер Шомуродов, 45+3 – аз пеналти (1:1). Муҳиддин Одилов, 67 (1:2).

Огоҳонида шудандМузаффар Назаров, Довуд Розиқов, Саидхони Амрохон, Некрӯз Гадоев, Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Мунир Давлатбеков, Собирҷон Холматов («Кӯктош»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣМуҳиддин Одилов («Кӯктош»).

СадоварСайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири бозӣРустам Абдуллоев (Душанбе).

1 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5200 тамошобин.

Назари худро бинависед