Имрӯз «Равшан» дар Ҷоми КФО-2023/24 бо «Алтин Асир» нерӯ месанҷад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз «Равшан» дар Ҷоми КФО-2023/24 бо «Алтин Асир» нерӯ месанҷад

Имрӯз, 5-уми октябр дар шаҳри Ашхобод бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ баргузор мешавад, ки дар доираи он ноибқаҳрамони Туркманистон «Алтин Асир» ва барандаи медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон дар мавсими гузашта «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.

Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Ашхобод» баргузор шуда, соати 21:00 оғоз мегардад. Бозиро аз шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» мустақиман тамошо карда метавонед.

Дар бозии имрӯза ба ноибқаҳрамони Тоҷикистон барору комёбӣ таманно дорем!

 

🏆 Ҷоми КФО-2023/24

♦️ Минтақаи марказӣ

️ Гурӯҳи «Е». Даври 2

📅 5 октябр (панҷшанбе)

️ Оғоз – соати 21:00

🇹🇲 «Алтин Асир» (Туркманистон) – 🇹🇯 «РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН)

🏟 Ашхобод, варзишгоҳи «Ашхобод»

Назари худро бинависед