Имрӯз дар душанбе чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои занона ба анҷом мерасад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз дар душанбе чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои занона ба анҷом мерасад

Дар Душанбе имрӯз, 20-уми июл нахустин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои занона дар таърих ба анҷом мерасад.

Дар бозии марказии давр соати 19:00 дастаҳои занонаи Ӯзбекистон ва Эрон бо ҳам вомехӯранд. Баъди се бозӣ ҳарду даста 9 имтиёзӣ ба даст овардаанд, вале аз рӯйи таносуби тӯбҳо мунтахаби Ӯзбекистон пеш аст. Барои ба даст овардани медалҳои тилло мунтахаби Ӯзбекистонро ҳисоби мусовӣ қаноат мекунад. Вале тими Эронро барои ғолиби чемпионати CAFA-2022 шудан, танҳо пирӯзӣ лозим аст.

Дар вохӯрии дигари рӯзи охирини мусобиқа тимҳои Тоҷикистону Қирғизистон нерӯ месанҷанд. Барои ба сегонаи беҳтаринҳо шомил шудан ба дастаи занонаи мо лозим аст, ки бар тими Қирғизистон пирӯз шавад. Натиҷаи дигар дастаи Юсуф Рабиевро дар зинаи охирини ҷадвал қарор медиҳад.

 

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои занона

Даври 5

20 июл (чоршанбе)

19:00 – Ӯзбекистон – Эрон

22:00 ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед