Хет-трики тиллоии «Соро компания» дар мавсими имсолаи футзал! – Федерация Футбола Таджикистана

Хет-трики тиллоии «Соро компания» дар мавсими имсолаи футзал!

Дастаи футзали «Соро компания»-и Душанбе бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар мавсими имсолаи футзали кишвар бомуваффақият баромад намуда, тамоми ҷоизаҳои имконпазири мусобиқаҳои Лигаи касбии футзалро соҳиб шуд.

“Соро компания”-и Душанбе Суперҷом, Ҷоми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон ва Ҷоми футзали Тоҷикистон-2021-ро ба даст овард. Дар бозии ниҳоӣ барои Ҷоми футзали Тоҷикистон дастаи Пайрав Воҳидов бо ҳисоби 4:2 ҳарифи асливу усулии худ “Сипар”-и Хуҷандро мағлуб сохт.

Ду голи дастаи душанбегиро Файзалӣ Сардоров ва як голиро Бахтиёр Солиев ва Муҳаммад Шарипов ба нишон зада, ғалаби “Соро компания”-ро таъмин сохтанд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон Ноиби президенти Федератсия Дилшод Ҷӯразода, Директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков ва роҳбари Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон Абдулло Соқиев ширкат карда, ҷоизаҳоро ба соҳибонашон тақдим сохтанд.

Беҳтарин дарвозабони мусобиқа барои Ҷоми футзали Тоҷикистон-2021 дарвозабони “Сипар” Фирӯз Бекмуродов ва беҳтарин ҳамлагари мусобиқаи имсола Сиёвуш Қаюмов аз “Вавилон” шинохта шуданд. Муҳаммад Шарипов аз “Соро компания” беҳтарин бозигари вохӯрии ниҳоии Ҷоми футзали Тоҷикистон-2021 эътироф гашт. 

 

ЖАРА-Ҷоми футзали Тоҷикистон-2021

Бозии ниҳоӣ

«Сипар» – «Соро компания» – 2:4

ГолҳоУмед Кузиев, 4 (1:0). Файзалӣ Сардоров, 8 (1:1). Рустам Ҳамидов, 22 (2:1). Бахтиёр Солиев, 28 (2:2). Муҳаммад Шарипов, 31 (2:3). Файзалӣ Сардоров, 40 (2:4).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣМуҳаммад Шарипов («Соро компания»).

7 ноябр. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ. 1000 тамошобин.

Назари худро бинависед