Гурӯҳи кории комиссияи ФФТ аз дастаҳои «Гулистон», «Парвоз» дидан карда, бо раиси шаҳри Хуҷанд мулоқот анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Гурӯҳи кории комиссияи ФФТ аз дастаҳои «Гулистон», «Парвоз» дидан карда, бо раиси шаҳри Хуҷанд мулоқот анҷом дод

Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон шиносоӣ бо корҳои омодагии дастаҳои лигаи олӣ ва якуми Тоҷикистонро ба мавсими нави футбол идома медиҳад.

Ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президент Алишер Урунов аз вазъи даҳ бошгоҳи лигаи олӣ, инчунин аз дастаҳои лигаи якум, ки дар мавсими нави чемпионати кишвар иштирок мекунанд, дидан менамояд.

Яке аз вазифаҳои асосии гурӯҳи кории ФФТ мулоқот бо раисони шаҳру навоҳӣ ва баррасии масоили футбол ва дастгирии ҳамаҷониба ба дастаҳои кишвар аст.                                                                       

Субҳи 8 феврал гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Гулистон сафар карда, бо муовини раиси шаҳр Маҳмудҷон Сатторзода мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо мушкилоти мубрами тими футболи «Гулистон» ва роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ карданд. Ҳайати ФФТ ҳамчунин аз Варзишгоҳҳои марказии Гулистон ва Бӯстон боздид ба амал овард, ки дастаи «Гулистон» тасмим гирифтааст, бозиҳои хонагии худро дар лигаи якуми Тоҷикистон онҷо баргузор кунад.

Сипас, гурӯҳи кории ФФТ таҳти роҳбарии Алишер Урунов бо вазъи кунунии варзишгоҳи хонагии бошгоҳи футболи «Парвоз» – «Фурудгоҳ» ва раванди омодагӣ ба баргузории бозиҳои лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими соли 2023 шинос шуд.

Дар мавсими гузашта дастаи «Парвоз», ки Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро намояндагӣ мекунад, дар қисми ниҳоии лигаи дуюми Тоҷикистон медалҳои нуқра ба даст оварда, ҳаққи ҳунарнамоӣ дар лигаи якумро соҳиб гашт.

Зимни сафар бо директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» Қурбони Алимардон мулоқот баргузор гардид. Қурбони Алимардон дар рафти вохӯрӣ бо ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфт, ки варзишгоҳи «Фурудгоҳ» ба бозсозӣ ниёз дорад. Боиси хушҳолист, ки роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд нақша дорад, инфрасохтори футболро беҳтар созад. Ба гуфтаи Қурбони Алимардон, раиси Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ояндаи наздик дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ» корҳои таъмиру тармимро ба роҳ мемонад.

Дар мавриди омодагии «Парвоз» ба мавсими нави лигаи якуми Тоҷикистон Қурбони Алимардон итминон дод, ки даста буҷаи устувор дорад ва умедвор аст, ки бошгоҳ барои роҳхати лигаи олии Тоҷикистон дар мавсими 2024 мубориза мебарад.

Ҳамчунин, гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон бо инфрасохтори варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар он бошгоҳи футболи «Эсхата» ва тими ҷавонони «Хуҷанд» бозиҳои хонагии худро мегузаронанд, шинос шуданд.

Ҳайати ФФТ пас аз азназаргузаронии варзишгоҳи «Спартак» бо раиси шаҳр ва ҳамзамон бо раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва муовини аввали раиси ФФХ Ҷумъабой Каримов мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди футболи наврасону занон ва футзалро дар шаҳри Хуҷанд баррасӣ карданд. Ҳамчунин, дар бораи беҳбудии инфрасохтори варзишгоҳи «Спартак», ки дар тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад, гуфтушунид доир гашт. Ба гуфтаи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, инфрасохтори мавҷудаи варзишгоҳи «Спартак» бозсозӣ шуда, чамани сунъӣ гузошта мешавад.

Назари худро бинависед