Голи аввалини Эҳсони Паншанбе дар ҳайати «Навбаҳор» дар Суперлигаи Узбекистон – Федерация Футбола Таджикистана

Голи аввалини Эҳсони Паншанбе дар ҳайати «Навбаҳор» дар Суперлигаи Узбекистон

Ниммуҳофизи мунтахаби миллии Тоҷикистон Эҳсони Паншанбе, ки дар ҳайати “Навбаҳор”-и Намангон бозӣ мекунад, ба задани нахустин голи худ дар Суперлигаи Узбекистон шарафёб шуд. Ӯ дар бозӣ ба муқобили “Локомотив”-и Ташканд бо голи задаи худ ғалабаи дастаашро (2:1) таъмин сохт.

Футболбози тоҷикистонӣ дар дақиқаи 63-юми вохӯрӣ вориди майдон шуда, баъд аз дувоздаҳ дақиқаи майдондорӣ ба задани гол муваффақ шуд. Ин голи аввалини ӯ дар ҳайати “Навбаҳор” аст.

Ёдрас мешавем, ки вобаста ба корти зарди зиёд доштан Эҳсони Паншанбе дар бозии даври 7-уми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили Муғулистон ба мунтахаби миллии кишвар кӯмак карда наметавонад. Бозӣ рӯзи 25-уми март, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

 

Назари худро бинависед