«Файзканд» – ғолиби Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 – Федерация Футбола Таджикистана

«Файзканд» – ғолиби Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021

Дар бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон дастаи “Файзканд”-и Восеъ бар “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 3:1 ғолиб шуда, ҷоми қаҳрамониро соҳиб гардид. Бозии рӯзи 19-уми март, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гашт.

Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқаи имсолаи Лигаи футболи Тоҷикистон 11 даста – «Истаравшан» (Истаравшан), КМВА, «Душанбе-83» (ҳар ду аз Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Хатлон» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Файзканд» (Восеъ), «Эсхата» (Хуҷанд), инчунин ҳайатҳои ҷавонони «Истиқлол»-и Душанбе, «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) – иштирок карданд. Дар рафти баргузории мусобиқа 20 бозӣ анҷом дода шуд.

Ҳамаи ҷойҳои ифтихории Ҷоми ЛФТ-2021-ро намояндагони вилояти Хатлон соҳиб шуданд. Дар бозии ниҳоӣ “Файзканд”-и Восеъ бо ҳисоби 3 бар 1 “Равшан”-и Кӯлобро мағлуб намуда, барандаи Ҷом гардид. Дар бозӣ барои ҷои сеюм “Хатлон”-и Бохтар бар мунтахаби наврасони мамлакат бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Ташкилкунандагони мусобиқа беҳтарин бозигаронро муайян карданд. Ҷоизаи беҳтарин дарвозабон насиби Куайе Годсон (“Хатлон”) гардид. Доробҷон Эргашев (“Файзканд”) беҳтарин ҳимоятгар дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин нимҳимоятгарро Хусрав Тоиров (тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон) ба даст овард. Беҳтарин ҳамлагар Наврӯз Рустамов (“Равшан”) ва беҳтарин бозигар Маҳмадалӣ Содиқов (“Файзканд”) эътироф гардиданд.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон аз соли 2019 бори сеюм баргузор шуд. Аввалин барандаи Ҷоми ЛФТ дастаи ССКА мебошад. Соли гузашта ин ҷоиза насиби дастаи “Истаравшан” шуда буд.

 

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021

Бозӣ барои ҷойи сеюм

«Хатлон» – Тоҷикистон (U-17) – 1:0

Гол: Нуриддин Ҳамроқулов, 45+1.

Беҳтарин бозигари дидор: Куйе Годсон («Хатлон»).

 

Бозии ниҳоӣ

«Равшан» – «Файзканд» – 1:3

Голҳо: Маҳмуд Пиров, 4 – ба дарвозаи худ (1:0). Ҳасан Рустамов, 18 – ба дарвозаи худ (1:1). Далер Шомуродов, 73 – ба дарвозаи худ (1:2). Абдухалил Боронов, 82 (1:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Доробҷон Эргашев («Файзканд»).

Назари худро бинависед