Доварони бозиҳои якуми даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 таъйин шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони бозиҳои якуми даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 таъйин шуданд

Довароне, ки бозиҳои якуми даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023-ро доварӣ мекунанд, маълум шуданд.

Бозии ниманиҳоӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» имрӯз, 27-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мегардад. Вохӯрии дигари ниманиҳоӣ миёни дастаҳои «Хатлон» ва «Равшан» 29 сентябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Бохтар баргузор мешавад. Рақобат соати 15:30 шуруъ мегардад.

 

1XBet-Ҷоми Тоҷикистон-2023

Даври ниманиҳоӣ. Бозиҳои якум

27 сентябр (чоршанбе)

Оғоз – соати 18:00

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»

Довари марказӣ: Рустам Нурматов (Душанбе).

Ёварон: Вафо Қараев (Шаҳринав), Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири доварон: Ориф Ҷӯраев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Алишер Парпиев (Бохтар).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

29 сентябр (ҷумъа)

Огоз – соати 15:30

«Хатлон» – «Равшан»

Довари марказӣ: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёварон: Исмоил Нуралиев (Норак), Фарҳод Куралов (Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири доварон: Хайбулло Нарзуллоев (Ҳисор).

Комиссари бозӣ: Абдулло Соқиев (Душанбе).

Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»

Назари худро бинависед