Доварони бозиҳои лигаи олии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода машғулиятҳои омӯзишиву машқӣ мегузаронанд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони бозиҳои лигаи олии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода машғулиятҳои омӯзишиву машқӣ мегузаронанд

Дар шаҳри Турсунзода ҷамъомади омӯзишиву машқии доварони дараҷаи якуми ФФТ, ки бозиҳои лигаи олии кишварро хизматрасонӣ мекунанд, шурӯъ шуд.

Барномаи курс машғулиятҳои амаливу назариявиро дар бар мегирад.

Дастурдиҳандаи машғулиятҳои назариявии курс муовини раиси кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон Абдураҳим Бобоев ва дастурдиҳандаи фитнесӣ, варзишгари дар гузашта маъруф, иштирокчии Бозиҳои олимпӣ ва Осиёӣ Кристина Пронженко мебошанд.

Аз рӯзи 2-юми март ба ҷамъомади омӯзишиву машқии доварон дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё Владислав Тсейтлин аз Узбекистон ҳамроҳ мешавад.

Инчунин, барномаи курс супоридани имтиҳонҳоро оид ба омодагии ҷисмонӣ ва омодагии назариявӣ дар бар мегирад.

Назари худро бинависед