Довари канории бозии «Равшан» (К) – «Равшан» (З) аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Довари канории бозии «Равшан» (К) – «Равшан» (З) аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуд

Департаменти доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон довари канории бозии даври чоруми чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб – «Равшан»-и Зафаробод Исломҷон Холиқовро аз ҳаққи доварӣ маҳрум кард.

Ёвари дуюми довари марказии бозии чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб – «Равшан»-и Зафаробод Исломҷон Холиқов (Душанбе) барои сатҳи доварӣ тибқи банди 2.3.-и зербанди 2 (гирифтани баҳои ғайриқаноатбахш)-и Кодекси интизомии доварони ФФТ бо қарори Департаменти доварон ва нозирони ФФТ дар ду давр аз ҳаққи ҳакамии ҳама мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон маҳрум карда шуд.

Назари худро бинависед